Август 21, 2018 16:41 Asia/Dushanbe
  • Захмӣ шудани нахуствазири Узбакистон дар ҳодисаи ронандагӣ

Манобеи бемористонии Узбакистон эълом карданд, хатаре нахуствазири ин кишварро, ки дучори ҳодисаи ронандагӣ шуда буд, таҳдид намекунад.

Ба нақл аз Форс, Абдуллоҳ Орифов соати 9:30 субҳи имрӯз ба вақти маҳаллӣ дар масири шаҳри Бекобод ба Тошканд дучори ҳодисаи ронандагӣ шуд.

Нахуствазири Узбакистон ба далели ҷарроҳоти сатҳӣ дар ҳодисаи ронандагӣ ба бемористон мунтақил шуд, аммо хатаре саломатии ӯро таҳдид намекунад ва бистарӣ нашудааст.