Август 27, 2018 19:11 Asia/Dushanbe
  • Марзи Узбакистон ва Тоҷикистон дар остонаи ҷашни истиқлол баста намешавад

Давлати Узбакистон имсол дар остонаи ҷашни бисту ҳафтумин солгарди истиқлол барои нахустин бор убури шаҳрвандони тоҷик аз гузаргоҳҳои марзиро маҳдуд намекунад.  

Ба нақл аз Форс, тамоми гузаргоҳҳо дар марзи Узбакистон ва Тоҷикистон ба таври маъмул фаъолият мекунанд ва шаҳрвандон аз марз кишвари ҳамсоя бидуни ҳеҷ маҳдудите убур мекунанд.

Узбакистон бо беш аз 32 миллиону 900 ҳазор нафар ҷамъият рӯзи аввали сентябрро ҳар сол ба унвони рӯзи истиқлол ҷашн мегирад ва ин рӯз дар ин кишвар таътили расмӣ мебошад.