Сентябр 13, 2018 10:04 Asia/Dushanbe
  • Талоши Қирғизистон ва Тоҷикистон барои тамдиди замони ҳузури шаҳрвандони ду кишвар

Парлумони Қирғизистон созишномаи ҳукумати ин кишвар бо Тоҷикистонро дар бораи сабукӣ барои ҳузури шаҳрвандони ду давлат дар қаламрави ҳамдигарро баррасӣ мекунанд.

Тибқи иттилои Қиртог, созишномаи мазкур имкон медиҳад, ки шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар давоми 60 рӯз бидуни қайд дар мақомоти дахлдор ҳузур дошта бошанд.

Созишномаи мазкур 1 феврали соли равон дар шаҳри Душанбе миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Қирғизистон имзо шуда буд.

Созишномаи Тоҷикистону Қирғизистон барои сабукӣ ба шаҳрвандони ду кишвар  дар ҳолест, ки роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ахиран азмашонро барои ҳамгироии бештар эълон карданд.

Қаблан Тоҷикистону Узбакистон барои сафари шаҳрвандони ду кишвар сабукиҳо ироа намуда, изҳор доштанд, ки муқаррароти нав барои наздикшавии сокинони минтақа мусоидат хоҳад кард.