Тафовути салиқаи тоҷикҳо ва ӯзбакҳо дар хариди мошин
(last modified Tue, 02 Oct 2018 09:07:15 GMT )
Октябр 02, 2018 14:07 Asia/Dushanbe
  • Тафовути салиқаи тоҷикҳо ва ӯзбакҳо дар хариди мошин

Бинобар таҳлили пойгоҳи интернетии фурӯши васоили нақлия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ӯзбакҳо ба мошинҳои хурд ва каммасраф ва тоҷикон ба мошинҳои бузург, гаронбаҳо ва пурмасраф таваҷҷуҳ доранд.

Ба гузориши “Спутник”, ин манбаъ номи чандин мошини гаронбаҳоро нашр кардааст, ки ҷузви пурфурӯштаринҳо дар Тоҷикистон будаанд.

Ин мошинҳо шомили “Merсedes С”, “Opel Astra”, “Daewoo Matiz”, “BMW 5” ва “Toyota Camry” мебошад.

Дар Қазоқистон, ки ҳудуди 50 навъи мошин тавлид мешавад, мошини «Toyota Camry” нисбатан маъруф ва роиҷ аст ва “Lada Granta”, “Hyndai Tucson”, “Lada 4×4” ва «Lada Largus” дар радифҳои баъдӣ қарор доранд.

Қирғизистон саноати мошинсозӣ надорад, аммо қимати мошин дар ин кишвар нисбат ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ арзонтар арзёбӣ шудааст ва панҷ мошини маъруфи Қирғизистон шомили “Toyota Camry”, “Lexus серии RX”, “Merсedes E”, “Honda CR-V”، ва “Nissan Qashqai” аст.

Сокинони Ӯзбакистон бештар ба мошинҳои хурд ва каммасраф моиланд, ки ин кумаки саноати мошинсозӣ равона шудааст ва ҳамзамон ба имконоти харидорон, пешниҳод дар бозор ва хусусияти роҳҳои ин кишвар рабт дода шудааст.

Мошинҳои нисбатан маъруф дар Ӯзбакистон “Chevrole Spark”, “Chevrolet Lacetti”, “Chevrolet Nexia”, “Chevrolet Matiz” ва “Chevrolet Cobalt” аст.