Октябр 09, 2018 10:43 Asia/Dushanbe
  • Оғози минарӯбӣ аз марзи муштараки Тоҷикистон ва Ӯзбакистон

Мақомоти Тоҷикистон аз оғози поксозии марзи муштараки ин кишвар бо Ӯзбакистон аз минаҳои коргузошташуда дар даҳаи нахусти қарни ҳозир хабар доданд.

Ба гузориши “ТОП Тҷ”, поксозии марзи муштараки Тоҷикистон ва Ӯзбакистон аз минаҳое, ки артиши Ӯзбакистон дар солҳои 2000 ба таври якҷониба гузошта буд, аз ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд, дар марз бо вилояти Самарқанди Ӯзбакистон оғоз шудааст.

Давлати Тошканд ба баҳонаи ҷилавгирӣ аз вуруди ҷангҷӯёни Ҳаракати исломии Ӯзбакистон, ки дар бахшҳое аз манотиқи шарқи Тоҷикистон ва шимоли Афғонистон ҳузур доштанд, дар солҳои 2000 –ум марзи муштараки хеш бо Тоҷикистонро минакорӣ кард.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, ки бар асари бархурд бо ин минаҳо беш аз 80 шаҳрванди тоҷикистонӣ ҷони худро аз даст дода ва теъдоди зиёде захмӣ ва маълул шудаанд, ки аксари онон чӯпонон ва ғайринизомиён ҳастанд.

Бо иҷрои тарҳи поксозӣ, заминаи истифодаи чӯпонҳо аз чарогоҳҳои ду кишвар фароҳам мешавад ва доду ситади марзӣ низ равнақ хоҳад гирифт.

Мақомоти Тоҷикистон ва Ӯзбакистон гуфтаанд, ки то ахирҳои соли 2019 барномаи поксозии комили марзи муштараки ин ду кишвар аз мина низ поён хоҳад ёфт.