Октябр 25, 2018 14:06 Asia/Dushanbe
  • Панҷ одати мардумони Осиёи Марказӣ, ки барои хориҷиҳо қобили дарк нест

Сомонаи русизабони Кaktakto аз панҷ одати мардумони Осиёи Марказӣ навиштааст, ки ба навиштаи ин сомона барои хориҷиҳо қобили дарк нест.

Нахустин маврид аз ин одатҳои панҷгонаи мардумони Осиёи Марказӣ, одоби салом ва аҳволпурсӣ бо ҳар фарди шинос ва ношинос аст.

Омодагии ҳамешагӣ барои пазироии муносиб аз меҳмон чи хонда ва чи нохонда, дувумин хислати шигифтангези мардуми Осиёи Марказӣ аст.

Пухтани сумана дар аёми Наврӯзи ҳар сол низ севумин вижагии муҳими мардумони Осиёи Марказӣ аз назари сайти kaktakto аст.  

Пардохти маблағи мавриди тавофуқ аз тарафи хонаводаи домод ба хонаводаи арус ба унвони қелин, ки маъмулан сарфи маросими арусӣ мешавад ҳам чаҳорумин одати аҷиби мардуми Осиёи Марказӣ зикр шудааст.  

Панҷумин маврид ҳам ҳалли масоил ва эҳтиёҷот ба таври дастаҷамъӣ миёни аъзои фомил ё маҳалла дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.