Оғози фаъолиятҳои интихоботии президентӣ дар Узбакистон
(last modified Sun, 11 Sep 2016 13:21:46 GMT )
Сентябр 11, 2016 18:21 Asia/Dushanbe
  • Оғози фаъолиятҳои интихоботии президентӣ дар Узбакистон

Бо мушаххас шудани чаҳоруми декабр барои баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Узбакистон, фаъолиятҳои интихоботӣ дар ин кишвар барои таъйини раиси ҷумҳурии оянда оғоз шуд.

Ба гузориши ИРНА, дафтари матбуотии Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон эълом кард, ки тасмим дар бораи замони баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар, дар нишасти рӯзи 9 –уми сентябр гирифта шудааст.

Ин дафтар ҳамчунин аз оғози фаъолият барои баргузории рақобатҳои интихоботӣ хабар дод.

Дар баёнияи ин комиссия омадааст, ки ин ниҳод ва комиссияҳои маҳаллӣ масъуланд, ки интихоботро ба таври шаффоф баргузор кунанд.

 Чанд рӯз қабл Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбакистон ба унвони иҷрокунандаи муваққати вазоифи раиси ҷумҳурии ин кишвар таъйин шуд.

Коршиносон муътақиданд, бо марги Ислом Каримов, рақобат бар сари курсии раёсати ҷумҳурии Узбакистон беш аз ҳама байни Шавкат Мирзиёев, Рустам Азимов, вазири дороӣ ва Рустам Иноятов, раиси Кумитаи амнияти миллӣ матраҳ буда, бо ин ҳол бо таъйини Мирзиёев ба унвони раиси ҷумҳурии муваққат , шонси дигар номзадҳо дар Узбакистон тақрибан ба сифр расидааст.

 Ҷомеаи байналмилал ва созмонҳои мудофеи озодии баён дар Узбакистон, замони зимомдории Каримов борҳо аз набуди шаффофият, тамаркузи қудрат ва нақзи муқаррароти демократӣ дар ҳангоми баргузории интихобот, интиқод карда буданд.