Ноябр 17, 2018 17:27 Asia/Dushanbe
  • Имзои қарордоди раводиди Шенгени байни Тошканд ва Остона

Узбакистон ва Қазоқистон қарордоди иҷроии режими раводид(виза)-и Шенгени Осиёи Марказиро бо кишварҳои Роҳи Абрешим, имзо карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, бар ин асос гардишгарони қазоқ метавонанд бидуни ҳеҷ монеъ ба осонӣ вориди Узбакистон шаванд.

Барои иҷрои ин тарҳ бояд масирҳои муштараки гардишгарӣ танзим, иртибототи ҳавоӣ, рейлӣ ва заминӣ эҷод ва роҳҳо бозсозӣ шавад.

Коршиносон мӯътақиданд, ки дар сурати муваффақияти ин гуфтугӯҳо, Қирғизистон ва Тоҷикистон низ ба ин тарҳ мепайванданд.

Ба ин тартиб шаҳрвандони кишварҳое, ки мехоҳанд аз тариқи Роҳи Абрешим сафар кунанд аз имкони тараддуди озод аз тариқи 4 кишвари Осиёи Марказӣ бархӯрдор хоҳанд шуд.

Ҳамакунун Қазоқистон яке аз бузургтарин ҳамкорони бозаргонии Узбакистон маҳсуб мешавад ва мубодилоти бозаргонии Узбакистон ва Қазоқистон дар соли 2017 милодӣ ба беш аз 2 миллиард доллар расидааст.