Ноябр 18, 2018 13:10 Asia/Dushanbe
  • Нишасти солонаи муовинони вазирони умури хориҷии Осиёи Марказӣ дар Бишкек

Нишасти солонаи муовинони вазирони умури хориҷии Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар Бишкек баргузор шуд.

Дар ин нишаст, ки дар мақарри минтақаии Созмони Милали Муттаҳид бо мавзӯи дипломатияи пешгирона баргузор шуд, ҳайати тоҷикистонӣ бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Исматуллоҳ Насриддин ҳузур дошт.

Дар ин нишаст мавзӯи тақвияти амният дар минтақа ва ҳамкориҳои оянда дар заминаи таъмини сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд. Ҳамчунин дар ҳошияи ин нишаст дар бораи вазъи Афғонистон ва таъсири он ба амнияти минтақаӣ низ гуфтугӯ шудааст.