Ноябр 22, 2018 10:58 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши ҷурму ҷинояти коргарони муҳоҷири Осиёи Марказӣ дар Маскав

Шаҳрдори Маскав эълом кард, ки мизони иртикоби ҷурму ҷиноят миёни коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ, ӯзбакистонӣ ва қирғизистонӣ дар пойтахти Русия коҳиш ёфта ва онон бештар ба қонунҳо ва муқаррароти ҳуқуқӣ эҳтиром мегузоранд.

Ба гузориши сомонаи шабакаи аввали телевизиони давлатии Русия, Сергей Собянин гуфтааст, ки ин таҳаввули мусбат натиҷаи иқдомоте буд, ки ҳукумати Русия барои танзими ҳузури коргарони муҳоҷири ин се кишвари Осиёи Марказӣ дар пойтахт анҷом дод.

Ба гуфтаи шаҳрдори Маскав, яке аз иқдомоти қобили мулоҳиза дар раванди таҳти назорат қарор додани коргарони муҳоҷири тоҷик ва ӯзбак дар пойтахти Русия сабти номи ин афрод, илзомӣ шудани дарёфти иҷозатномаи кору иқомат ва ангуштнигорӣ аз онон мебошад, ки заминаи назорати бештар бар рафтори онҳоро фароҳам сохт.

Ҳамчунин дар 9 моҳи имсол аз ҳисоби фурӯши муҷаввизи кор ба коргарони муҳоҷири хориҷӣ шаҳрдори Маскав 15 миллиард рубл даромад ба даст овардааст, ки беш аз молиёти пардохтии ширкатҳои нафтӣ мебошад.

Ин дар ҳолест, ки Шӯрои шаҳри Маскав тарҳи афзоиши қимати муҷаввизи моҳонаи корро барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар соли 2019 тасвиб карда, ки муҳоҷиронро муваззаф мекунад дар соли ҷадид ба ҷойи чаҳор ҳазору 500 рубли феълӣ панҷ ҳазор рубл пардохт кунанд.