Декабр 01, 2018 14:28 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Тоҷикистон ва Қирғизистон барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир

Ожонси назорати маводи мухаддири Тоҷикистон ва Вазорати умури дохилии Қирғизистон тавофуқномае дар заминаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир имзо карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Кашкар Ҷунушалиев, вазири кишвари Қирғизистон, ки дирӯз, ҷумъа дар садри ҳайати олирутба ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон сафар кардааст, бо Шерхон Салимзода, раиси Ожонси назорати маводи мухаддири Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор тарафайн тавофуқномаи ҳамкории муштарак дар заминаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва равонгардонро ба имзо расониданд.

Бар асоси ин гузориш, ҳадаф аз имзои ин тавофуқнома фаъолсозии равобити дуҷониба ва афзоиши асарбахшии мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва равонгардон дар минтақа унвон шудааст.