Декабр 15, 2018 17:17 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати Узбакистон бо размоиши муштараки зиддитерроризм

Намояндагони Маҷлиси сенати Узбакистон бо мавзуи созмондеҳӣ ва баргузории размоиши муштараки зиддитерроризм кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанҳай мувофиқат карданд.

Алишер Қурбонов, раиси кумитаи равобити байналмилалӣ, хориҷии иқтисодӣ, сармоягузориҳои хориҷӣ ва гардишгарии Маҷлиси сенати Узбакистон гуфт, мувофиқат бо баргузори ин размоиш ба таъмини амният ва субот на танҳо дар Узбакистон, балки дар тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ кумак мекунад.  

Баргузории размоиши муштараки кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанҳай алайҳи терроризм дар воқеъ, иқдоме аз сӯи аъзои ин созмон ба манзури дастёбӣ ба иштирокотест, ки ба аз байн бурдани ифротгароӣ ва терроризм мунҷар хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки Узбакистон токунун камтар дар заминаи ҳамкориҳои муштарак дар чорчуби Созмони ҳамкории Шанҳай мушорикат доштааст.

Пеш аз ин ва дар паи адами ҳамроҳии Узбакистон бо Русия ва хуруҷи ин кишвар аз узвият дар Созмони кишварҳои Ҳамсуд, давлати Тошканд дар августи 2014 аз ширкат дар размоиши кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанҳай дар Чажожихаи Чин низ худдорӣ карда буд.

Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон ва Узбакистон дар рутбабандии байналмилалии нуфузи терроризм дар мақоми 74 ва Узбакистон 132 қарор доранд.

Муассисаи байналмилалии "Иқтисод ва сулҳ" мустақар дар Австралия, шохиси терроризми ҷаҳониро бо таваҷҷуҳи теъдоди ҳамалоти террористӣ, қурбониёни ин ҳамалот дастабандӣ кардааст.

Муассисаи байналмилалии "Иқтисод ва сулҳ" дар паи таҳқиқоте эълом кард: "Қирғизистон бо қарор гирифтан дар рутбаи 80, Арманистон 83, Гурҷистон 89, ҷумҳурии Озарбойҷон 98 ва Узбакистон дар ҷойгоҳи 132 аз ҷумлаи кишварҳои дар маърази терроризм ба шумор мераванд".  

Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар маърази таҳаррукоти террористӣ қарор доранд ва мушорикати ин кишварҳо дар размоишҳои муштарак дар чорчуби созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ дар ваҳлаи нахуст ба барқарории ҳарчи бештари амнияти ин кишварҳо хоҳад анҷомид.