Азми Узбакистон барои густариши равобити ҳамаҷониба бо Эрон
Мақоми Вазорати умури хориҷаи Узбакистон эълом кард, кишвараш мусаммам ба густариши равобити дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони як қудрати таъсиргузор дар минтақа аст.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”,Илҳом Неъматов, муовини аввали вазири умури хориҷаи Узбакистон рӯзи сешанбе дар нишасти хабарӣ бо хабарнигорон афзуд, Узбакистон дар чорчӯби манофеи худ, талошҳо барои густариши равобит ва ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эронро дар заминаҳои мухталиф афзоиш хоҳад дод.
Вай ҳамчунин аз сафари Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тошканд дар ояндаи наздик хабар дод ва гуфт, ин сафар метавонад нуқтаи қобили таваҷҷуҳе дар тавсеаи муносиботи ду кишвар дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ бошад.
Неъматов изҳор дошт, замони дақиқи сафари раиси ҷумҳурии Эрон ба Узбакистон пас аз барномарезиҳои лозим ва тайи мароҳили расмӣ эълом хоҳад шуд.