Январ 08, 2019 19:35 Asia/Dushanbe
  • Маркази миллии мудирияти дифоӣ дар Узбакистон эҷод мешавад

Соли ҷорӣ дар Узбакистон Маркази миллии мудирияти дифоӣ ва тавсеаи ҷуғрофиёии ҳамкориҳои низомӣ ва фаннӣ эҷод мешавад.

Вазоратхонаҳо ва идороти марбута масъулияти танзими барномаи иқдомот барои таҳкими қудрати дифоии кишвар ва афзоиши истеъдоди ҷангии нерӯҳои мусаллаҳи Узбакистонро ба уҳда мегиранд.  

Дар матни барнома ба зарурати эҷод ва таъмини фаъолияти маркази миллии мудирияти дифоии кишвар ишора шудааст.

Ин санад ҳамчунин такомули мудирияти низомӣ бар асоси фанновариҳои иттилоърасонӣ ва мухобиротии рӯз ва ҳамчунин таъмини таслиҳот ва фанновариҳои муосири низомӣ дар 2019 ва 2021 ва барномаи ҷомеъ барои модерниза кардан ва таъмири онҳоро дар назар дорад.