Январ 11, 2019 21:06 Asia/Dushanbe
  • Сиёсатмадори рус: Афғонистон пойгоҳе барои мудохилаи Амрико дар Осиёи Марказӣ шудааст

Як сиёсатмадори рус гуфт, Иёлоти Муттаҳида ба дунболи истифода аз Афғонистон ба унвони пойгоҳе барои оғози мудохила дар умури дохилии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аст.

Ба гузориши хабаргузории Осиё, Франтс Клинтсевич узви Кумитаи дифои Шӯрои Федератсияи Русия гуфт: Иёлоти Муттаҳида бо ҳузур дар Афғонистон ба дунболи оғози фаъолият ва мудохила дар умури сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад, ки ҳадаф аз он фишор бар Русия аст.

Дар моҳи декабр, Уолстрит-журнал гузориш дод, ки давлати Амрико дар назар дорад то имкони коҳиши қобили таваҷҷуҳе аз неруи низомии худ дар Афғонистонро баррасӣ кунад, аммо ба гуфтаи Франтс Клинтсевич, неруҳои боқимондаи амрикоӣ барои контроли Толибон ва тавсиаи гурӯҳи террористии ДИИШ кофӣ ҳастанд.

Вай ҳамчунин дар идома гуфт: Дар оянда, тавоноиҳо ва манобеи гурӯҳи террористии ДИИШ барои бесуботсозии вазъият дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт, ки сабаби эҷод заминаҳои лозим барои инқилобҳои рангии ҷадид хоҳад шуд.

Узви Кумитаи дифои Шӯрои Федератсияи Русия ишора кард, ки Иёлоти Муттаҳида ба ҳар ҷо, ки ворид шавад, дигар аз он ҷо хориҷ намешавад.

Пеш аз ин гузоришҳои фаровоне дар расонаҳои Русия, Афғонистон ва баъзе кишварҳои дигар дар бораи созмондиҳии ДИИШ дар Афғонистон аз сӯи Амрико мунташир шуда буд.

Мақомоти аршади Тоҷикистон ҳам гуфтаанд, аз 7 то 10 ҳазор ҷангҷӯи ифротӣ ба шумули ДИИШ, Толибон ва Алқоида дар шимоли Афғонистон, наздикии марзҳои ин кишвар бо Тоҷикистон мустақар шудаанд.