Омодагии Бишкек барои баргузории иҷлоси Созмони ҳамкории Шанхай
(last modified Sun, 13 Jan 2019 07:55:42 GMT )
Январ 13, 2019 12:55 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Бишкек барои баргузории иҷлоси Созмони ҳамкории Шанхай

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон бар омодагии ин кишвар ба манзури баргузории нишасти шӯрои сарони кишварҳоии узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Бишкек таъкид кард.

Ба гузориши рӯзи шанбеи хабаргузории Форс, Сооронбай Жээнбеков бо ишора ба инки аз дидгоҳи Бишкек Созмони Шанхай бистари муассире барои барқарории равобити қобили эътимод байни аъзо аст, гуфт: Баргузории иҷлоси сарони Созмони ҳамкории Шанхай дар Бишкек барои Қирғизистон таҳаввули бисёр муҳимме аст ва ниҳодҳои давлатӣ бояд дар сатҳи боло барномарезӣ кунанд.

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон, ки кишвараш раёсати Шанхайро бар уҳда дорад, ҳамчунин афзуд: Бояд ҷойгоҳи Созмони Шанхай дар арсаи байналмилалӣ, ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, тавсиаи равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сармоягузорӣ дар соли 2019 тақвият шавад.

Пештар Владимир Норов дабири кулли ҷадиди ин созмон бар баргузории ҳар чӣ беҳтари нишастҳои аслии ин созмон дар соли 2019, аз ҷумла нишасти шӯрои сарон ва ҳамчунин шӯрои нахуствазирони кишварҳои узв таъкид карда буд.

Созмони ҳамкории Шанхай як созмони авруосиёӣ аст аст, ки дар таърихи 15 июни соли 2001 мелодӣ дар Шанхайи Чин аз сӯи Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон таъсис шудааст.