Январ 14, 2019 11:51 Asia/Dushanbe
  • Машваратҳои вазири хориҷаи Афғонистон бо ҳамтоёни узбек ва туркаман дар Самарқанд

Вазири умури хориҷаи Афғонистон дар дидор бо ҳамтоёни узбек ва туркамани худ, равобити дуҷониба ва охирин таҳаввулоти амниятӣ дар ин  кишварро мавриди баррасӣ қарор дод.

Ба гузориши хабаргузории Анатоли , Салоҳуддин Раббонӣ дар ҳошияи нишасти дурӯзаи Осиёи Марказӣ ва Ҳинд, ки аз дирӯз (шанбе) дар шаҳри Самарқанди Узбакистон оғоз шуд, бо Абдулазиз Комилов ва Рашид Муродов, вазирони умури хориҷаи Узбакистон ва Туркманистон батаври ҷудогона дидору гуфтугӯ кард.

Вазири хориҷаи Узбакистон дар ин дидор таъкид кард, ҳалли мушкили Афғонистон танҳо аз тариқи гуфтугӯҳои мустақим миёни давлати Афғонистон ва Толибон имконпазир аст.

Вазир хориҷаи Афғонистон ҳамчунин дар дидор бо ҳамтои туркамани худ ифтитоҳи «Роҳ Лоҷвард» ва ирсоли аввалин маҳмулае аз колоҳои Афғонистон аз ин масирро дар густариши равобити ду кишвар, дорои аҳаммият донист.

Рашид Муродов низ дар ин дидор бар зарурати амалӣ шудани ҳамаи тавофуқномаҳо миёни Туркманистон ва Афғонистон таъкид кард.

Вазири умури хориҷаи Туркманистон тасреҳ кард, Ашқобод аз раванди сулҳи Афғонистон бо меҳварияти афғонҳо ҳимоят мекунад

 

Барчасп