Озмоиши ДНК-и кӯдакони бозгашта аз Сурия ва Ироқ дар Қазоқистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i41121-Озмоиши_ДНК_и_кӯдакони_бозгашта_аз_Сурия_ва_Ироқ_дар_Қазоқистон
Озмоиши ДНК-и кӯдакони бозгашта аз Сурия ва Ироқ дар Қазоқистон
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 21, 2019 12:49 Asia/Dushanbe
  • Озмоиши ДНК-и кӯдакони бозгашта аз Сурия ва Ироқ дар Қазоқистон

Озмоиши ДНК-и кӯдакони бозгашта аз Сурия ва Ироқ дар Қазоқистон

 

Ба гузориши хабаргузории Форс, Боиржон Боқиров гуфт, ин озмоиш барои кӯдаконе пешбинӣ шуда, ки бояд таҳти сарпарастии бастагони худ дар Қазоқистон қарор гиранд.

Вай афзуд, падар ва модари бисёре аз ин кӯдакон дар даргириҳои мусаллаҳона кушта ва дар ҳоли ҳозир бидуни сарпараст дар парваришгоҳҳо нигаҳдорӣ мешаванд.

Вай гуфт, аз тариқи озмоишҳои ДНК мо талош хоҳем кард, бастагони онҳоро дар Қазоқистон пайдо кунем.

Боқиров афзуд, мақомоти Сурия барои бозгашти шаҳрвандони қазоқ ба меҳан бо мо ҳамкории бисёр хубе доранд, аммо муттассифона бархӯрди мақомоти ироқӣ шадидтар аст ва то ба ҳол ҳеҷ тавофуқномаи байнидавлатӣ барои бозгардондани шаҳрвандони Қазоқистон ба кишвар вуҷуд надорад.

Вай дар идома афзуд, 20 нафар аз шаҳрвандони Қазоқистон соли гузаштаи милодӣ аз вазорати умури хориҷаи ин кишвар тақозои кумак барои бозгардондани бастагони худ аз манотиқи даргир дар Сурия ва Ироқ карданд.

Боқиров гуфт, дар ҳоли ҳозир иқдомоти муртабит барои бозгардондани 30 зану 60 кӯдаки дигар дар дастури кори мақомоти зирабти қазоқ қарор дорад.

Дар маҷмӯъ дар манотиқи даргирии Сурия ва Ироқ беш аз 500 кӯдаки қазоқ ҳузур доранд, ки аксари онон дар онҷо мутаваллид шудаанд ва асноди марбут ба таваллуди онҳоро террористҳо нобуд кардаанд.