Феврал 03, 2019 11:20 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 150 шаҳрванди Қирғизистон дар ҷанги Сурия

Мақомоти Қирғизистон аз кушта шудани 150 тан аз шаҳрвандони ин кишвар дар ҷанг бо давлати қонунии Сурия хабар дод.

Аз 850 нафар шаҳрванди Қирғизистон, ки барои ҷанг бо давлати қонунии Сурия ба ин кишвар рафтаанд, ки то кунун 150 тан аз онҳо кушта шудаанд.

Мақомоти Қирғизистон мекӯшанд шаҳрвандони кишварашонро аз Ироқ ва Сурия бозгардонанд.

Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон эълом кардааст, ки ба зудӣ номи шаҳрвандони ин кишварро, ки дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ширкат кардаанд, эълом хоҳад кард ва дар ин замина бо чанд кишвари арабӣ ҳамкориҳо анҷом шудааст.

Роҳат Сулаймонова намояндаи расмии Кумитаи давлатии амнияти милли Қирғизистон ахиран гуфтааст, занони Қирғизистонӣ дар Сурия аз мақомот ин кишвар дархост кардаанд, ки онҳоро ба ватан бозгардонанд. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд тақрибан 140 зани қирқиз ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайвастаанд.

Бештари ин занон бо кӯдакони худ ба Сурия рафта ва ё фарзандонашон онҷо ба дунё омадаанд.

 

Барчасп