Феврал 04, 2019 20:13 Asia/Dushanbe
  • Роҳбурди ҷадиди Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ дар моҳи май

Раиси бахши сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, аз ироаи роҳбурди ҷадиди ин иттиҳодия барои ин кишварҳо дар моҳи майи имсол хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Борис Ярошевич, раиси бахши сиёсати хориҷи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, дар 16-умин кумитаи ҳамкории Парлумони Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ гуфт, ин роҳбурд ду бахши аслӣ дорад, ки аввалин бахши он дар бораи мавзӯоти муртабит бо масоили амниятӣ, ҳифозат аз муҳити зист, тағйироти иқлимӣ, омӯзиш ва ҷавонон хоҳад буд.

Ин мақоми аврупоӣ афзуд, бахши дувум низ дар мавриди эҷоди рифоҳ дар Осиёи Марказӣ аст ва ба мавзӯоте аз қабили ислоҳот, тавсеаи касбу кори хусусӣ ва ҳамбстагии Аврупо ва Осиёи Марказӣ тамаркуз хоҳад кард.

ба гуфта Ярошевич, ин санад як давраи 10 соларо пӯшиш медиҳад ва дар он масоили ҳуқуқи башар низ аз аҳамияти зиёде бархӯрдор аст.

Вай таъкид кард, пас аз интишори ин роҳбурд, кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо бояд ин санадро дар моҳи июн тасвиб кунанд, то дар авоили моҳи июл дар нишасти Федерика Могерини, раиси сиёсати хориҷаи Иттиҳоди Аврупо ва вазирони хориҷаи Осиёи Марказӣ ин санад ба таври расмӣ, муаррифӣ шавад.

Ярошевич афзуд, Иттиҳоди Аврупо мӯътақид аст, ки бисёре аз масоили муҳим дар Осиёи Марказӣ, монанди мудирияти марз, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва танзими манобеи об, ба таври муассир дар сатҳи байналмилалӣ ҳал хоҳад шуд.

Барчасп