Феврал 05, 2019 12:36 Asia/Dushanbe
  • Узбакистону Белорус порки илму фанноварӣ таъсис мекунанд

Муассисоти омӯзишии олии Узбакистон ва Белорус дар Тошканд порки муштараки илму фанноварӣ таъсис мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ин порки муштараки илму фанноварӣ нахустин ниҳод дар ин ҳавза дар Узбакистон аст ва дар заминаи ҳамгароии илмӣ ва навоварии ду муассисаи омӯзишии олӣ фаъолият мекунад. Ҳамакнун тарҳи эҷоди порки муштараки илму фанноварӣ, тадвин ва баргузории маросимҳои мабнӣ бар ташдиди фаъолияти илмӣ ва корофаринии Донишгоҳи давлатии фаннии Тошканд ва ҳамчунин феҳрасти тарҳҳои озмоишӣ дар чорчӯби ин порк таҳия ва танзим шуданд.

Мубодилоти бозаргонии Узбакистон ва Белорус тайи 10 моҳи соли 2017 дар сатҳи 100 миллион доллар қарор гирифт. Белорус истиқлоли ин кишварро дар 27 декабри соли 1991 ба расмият шинохт ва 21 январи соли 1993 байни ин ду кишвар равобити дипломатӣ барқарор шудааст.