Иқдоми Туркманистон ба таваққуфи воридоти Тоҷикистон аз марзҳои муштарак
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i41750-Иқдоми_Туркманистон_ба_таваққуфи_воридоти_Тоҷикистон_аз_марзҳои_муштарак
Дар пайи маҳдудиятҳои муҷаддади Туркманистон беш аз 100 вагон ва теъдоди зиёде комюнҳои тоҷикистонии ҳомили маводи сӯхт, таҷҳизот, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва ғизо пушти марзҳои ин кишвар мутаваққиф шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 16, 2019 14:09 Asia/Dushanbe
  • Иқдоми Туркманистон ба таваққуфи воридоти Тоҷикистон аз марзҳои муштарак

Дар пайи маҳдудиятҳои муҷаддади Туркманистон беш аз 100 вагон ва теъдоди зиёде комюнҳои тоҷикистонии ҳомили маводи сӯхт, таҷҳизот, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва ғизо пушти марзҳои ин кишвар мутаваққиф шуд.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи хабаргузории Форс, беш аз 20 дастгоҳ аз комюнҳое, ки Туркманистон иҷозаи вуруди онҳо аз марзҳои Тоҷикистонро надодааст, маҳсулоти ширкати алюмниуми ин кишвар аст.

Дар пайи иқдоми Туркманистон, ширкати алюминиуми Тоҷикистон барои дарёфти иҷозаи ҳаракат барои маҳмулаҳои худ аз ниҳодҳои зирабти Туркманистон дархости кумак кардааст.

Туркманистон авохири моҳи августи соли гузашта низ ба комюнҳои Тоҷикистон, ки пушти марзҳои ин кишвар аз тарафи Эрон ва Узбакистон буданд, иҷоза надод, ки аз тариқи хоки Ишқобод ба самти Душанбе ҳаракат кунанд.