Феврал 16, 2019 16:47 Asia/Dushanbe
  • Иддаои набераи раисҷумҳури собиқи Узбакистон дар бораи вахомати ҳоли Гулнора Каримова

Набераи раисҷумҳури собиқи Узбакистон иддао кард, ки вазъияти саломати модараш ба хатар афтода ва давлати Узбакистон иҷозаи ҳузури пизишк барои дармони модарашро надодааст.

Ба гузориши расонаҳои узбакӣ, Ислом Мақсудӣ муддаӣ шуд, дар ҳоле ки вазъияти саломати модараш зери фишори рӯҳии нерӯҳои амниятӣ вахим гузориш шудааст, аммо нерӯҳои амниятӣ иҷозаи ҳузури пизишк барои муоинаи вайро надодаанд.

Ин дар ҳолест, ки Додситонии кулли Узбакистон дар вокуниш ба ин иддао, писари Гулнора Каримоваро ба дурӯғгӯӣ муттаҳам ва эълом кард, ки шароит барои мулоқоти Гулнора Каримова бо ҳар пизишке, ки дархост кунад, муҳайё аст.

Гулнора Каримова, духтари Ислом Каримов, раисҷумҳури собиқи Узбакистон аз соли 2013 ба дастури падараш ба сабаби расвоиҳои молӣ ва суиистифода аз қудрат дар ҳабси хонагӣ қарор дорад.