Афзоиши нархи бекорӣ дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон
(last modified Sat, 16 Feb 2019 15:09:33 GMT )
Феврал 16, 2019 20:09 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши нархи бекорӣ дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон

Кумитаи омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) эълом кард, ки дар соли 2018 нархи бекорӣ дар ҳамаи кишварҳои узви ин ҷомеа ба ҷуз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон коҳиш ёфтааст.

Ба гузориши ИРНА, теъдоди кулли бекорон дар ИДМ дар авохири соли 2018, як миллиону 365 ҳазор нафар будааст, ки дар маҷмӯъ 6/6 дарсад дар муқоиса бо соли 2017 коҳиш нишон медиҳад.

Тибқи гузориши ин кумита, дар ҳоле, ки нархи бекорӣ дар ҳамаи кишварҳои ИДМ дар соли 2018 раванди нузулӣ дошта, дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон афзоиш ёфтааст.

Дар ин муддат Тоҷикистон бо 2/2 дарсад нархи бекорӣ, 51 ҳазору 800 нерӯи бекор доштааст.

Ҳамчунин дар Қазоқистон 91 ҳазору 600 нафар бекоранд ва нархи бекорӣ дар ин кишвар як дарсад будааст.

Дар Қирғизистон низ нархи бекорӣ 2/8 дарсад ва шумори бекорон 70 ҳазору 900 нафар будааст.

Ҳамчунин дар кишварҳои ИДМ, Беларус бо 12 ҳазору 500 ва Молдова бо 18 ҳазору 700 нерӯи бекор поинтарин нархи бекориро дар декабри соли 2018 доштанд.

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) иттиҳодияе шомили бархе ҷумҳуриҳои мустақили Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравии собиқ аст.

Русия, Тоҷикистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова ва Узбакистон узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳастанд.