Март 04, 2019 12:02 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли ҳазфи Туркманистон аз тарҳи коридори гази ҷанубӣ

Коршиноси байналмилалӣ дар ҳавзаи энержӣ, аз эҳтимоли ҳазфи Туркманистон аз пружаи каридори гази ҷанубӣ ба далоили геополотикӣ хабар дод.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии “Kallanish Energy”, Mehmet Ogutcu, мудири кулли гурӯҳи мушовира дар ҳавзаҳои энержӣ, манобеи табиӣ ва сармоягузории “Global Resources Partnership” дар ҳамоише дар Лондон гуфт, музокирот дар бораи пайвастани Туркманистон ба каридори гази ҷанубӣ анҷом шуда, аммо ба далели мушкилоти сиёсӣ, мавзӯи илҳоқи ин кишвар ба ин каридор мумкин аст, мунтафӣ шавад.

Коршиноси байналмилалии ҳавзаи энержӣ бо ишора ба идомаи ихтилофоти кишварҳои ҳавзаи Хазар дар бораи тақсимоти ин дарё афзуд, Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон ҳам дар чорчӯби манофеи тиҷории худ, метавонанд бо тавсеаи хутути лӯлаи гази Хазар мухолифат кунанд.

Вай тасреҳ кард, аз лиҳози иқтисодӣ ҳам илҳоқи Туркманистон ба каридори гази ҷанубӣ ва содироти гази он ба Аврупо, аз нигоҳи иқтисодӣ судовар нест, чун Русия ба далели арзонтар содир кардани газ, рақибе барои Туркманистон дар ин замина аст.

Коридори гази ҷанубӣ, тӯлонитарин хатти лӯлаи дар ҳоли сохт аст, ки бо убур аз чандин кишвар тӯли он ба 3400 километр хоҳад расид.

Ҳазина ин проекти бузург дар ҳудуди 40 миллиард доллар аст ва интизор меравад, ки ин хатти лӯла дар соли 2020 роҳандозӣ шавад.

 

Барчасп