Март 06, 2019 10:33 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Тоҷикистон ва Қирғизистон бар зарурати нишонагузории марзи муштарак

Раиси вилояти Суғд ва сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон бар зарурати тасриъ дар раванди музокироти дуҷониба барои нишонагузории марзи муштараки ин ду кишвари ҳамсоя таъкид карданд.

Ба нақл аз сомонаи Тоҷик Та, Раҷаббой Аҳмадзода ва Жонш  Рустамбеков  дар ин дидор дар бораи равобити дуҷониба ва мавзӯъи имзои созишномаи нишонагузории марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон баҳс ва табодули назар карданд.

Раиси вилояти Суғд дар ин дидор бо ишора ба дустии деринаи мардумони тоҷик ва қирғиз, густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷории дуҷониба, баррасии заминаи таъсиси корхонаҳои муштарак ва афзоиши мезони мубодилаҳои тиҷорӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро хостор шуд.

Сафири Қирғизистон дар ин иртибот таъкид кардааст, ки ин кишвар омодаи имзои созишномаи нишонагузории марзи муштараки ду кишвар аст ва тавофуқҳои пеш дар ин мавридро асоси дастёбӣ ба ниҳоикардани ин санадҳо медонад.

Ин дар ҳолест, ки дар пайи ду даҳсола музокироти мақомоти ду кишвар бар сари ҳалли ихтилофоти марзӣ, танҳо 520 километр аз марзи 721 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон нишонагузорӣ шудааст.

Ихтилофоти Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари бархе аз минтақаҳои марзии ду кишвар дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд аз ҷумлаи мушкилоти тарафҳо барои дастёбӣ ба тавофуқи ҷомеъ дар ин замина аст. Бар асоси марзбандиҳои даврони Шуравӣ бархе аз минтақаҳои марзии ду кишвар ба таври мушаххас нишонагузорӣ нашуда ва акнун ба сарчашмаи ихтилофоти мақомоти тоҷик ва қирғиз табдил шудааст.

Имрӯз Тоҷикистон бахши умдаи сузишворӣ, гандум ва орди мавриди ниёзи худро аз Қазоқистон ва аз роҳи заминии Қирғизистон ворид мекунад ва ҳалли ихтилофоти марзӣ бо ин кишвари ҳамсоя барои Душанбе аҳамияти ҳаётӣ дорад.