Афзоиши муҳоҷирати шаҳрвандони Қазоқистон
Март 06, 2019 10:50 Asia/Dushanbe
Маркази таҳлилии Фин Пром-и Қазоқистон аз афзоиши бесобиқаи муҳоҷирати шаҳрвандони ин кишвар ба кишварҳои дигар ба вижа Русия хабар дод.
Ба нақл аз хабаргузории Форс, маркази таҳлилии Фин Пром-и Қазоқистон рӯзи сешанбе дар гузорише эълом кард, дар соли 2018, 42 ҳазор нафар аз мардуми Қазоқистон кишварашонро тарк кардаанд, ки ин мизон дар муқоиса бо соли 2017, 11 аз даҳ як дарсад афзоиш доштааст.
Дар гузориши маркази таҳлилии Фин Пром-и Қазоқистон омадааст, дар соли 2018, 97 аз даҳ панҷ дарсад муҳоҷирони афғон ба Русия рафта, аммо дигар шаҳрвандони қазоқ, дигар кишварҳои минтақа ва кишварҳои аврупоиро мақсади худ қарор додааст.
Барчасп