Март 17, 2019 17:29 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии ИДМ аз таҳаррукоти ДИИШ дар марзи Афғонистону Тоҷикистон

Раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ гуфт, талоши ДИИШ барои контроли шимоли Афғонистон ва манотиқи ҳамарзи Тоҷикистон нигаронкунанда аст.

Сергей Лебедев дар нишасти Кумитаи фармондеҳони ситодҳои кулли нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон афзуд, зарурати талоши кишварҳои узви ҳамсуд барои ҳифзи сулҳ ва таъмини тавсеаи пойдор имрӯз аҳамияти вижае касб кардааст. Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ ҳамчунин таъкид кард, иҷрои тарҳҳои марбут ба насби системаи дифои мушакии Амрико дар Лаҳистон ва Чехия ва ҳузури таҷҳизоти низомии он кишвар дар Аврупои Ғарбӣ ва ҷанубу шарқӣ, дар марзҳои хориҷии ИДМ таниш эҷод мекунад.

Намояндагони Ҷумҳурҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон дар нишасти Кумитаи фармондаҳони ситодҳои кулли нерӯҳои мусаллаҳи ИДМ дар Душанбе ҳузур доштанд.

Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ (ҷомеаи ҳамсуд) дар соли 1991 бо ҳадафи гирди ҳам овардани 15 кишвари шӯравӣ таъсис шуд ва дар ҳоли ҳозир Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон узви он ҳастанд.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ осебпазирии болое нисбат ба хатари терроризм доранд. Чаро ки аз як сӯ ин кишварҳо бо қарор гирифтан дар маърази кишвари Афғонистон ҳамвора ин хатарро эҳсос мекунанд, ки фишори густурдае аз сӯйи гурӯҳҳои ситезаҷӯ бар рӯйи марзҳои онҳо вуҷуд дорад. Ҳамчунин бесуботии мавҷуд дар Афғонистон табаоти амниятии зиёде ҳамчун қочоқи маводи мухаддир ва инсонро низ дар пай дорад, ки худ ба фишори амниятии бештар бар рӯйи ин кишварҳо меанҷомад. Аз сӯйи дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ худ аз вуҷуди ҷамъияти билқуввае ранҷ мебаранд, ки нишон додааст, аз омодагии лозим барои пайвастан ба ҷунбишҳои ифротӣ бархурдор аст. Ҳамчунон ки чандин ҳазор нафар дар тӯли солҳои гузашта аз Осиёи Марказӣ ба Сурия ва Ироқ рафтанд ва ба гурӯҳи террористии такфирии ДИИШ пайвастанд. Пеш аз ин низ бахше аз ҷараёнҳои Осиёи Марказӣ ҳамкории наздике бо Толибон доштанд; амре, ки ҳамвора мавриди нигаронии кишварҳои Осиёи Марказӣ буд.

Ҳоло вуҷуди гурӯҳи террористии ДИИШ бо таваҷҷуҳ ба хушунату тактикаҳои ин гурӯҳ метавонад як таҳдиди ҷиддӣ алайҳи ин кишварҳо бошад; таҳдиде, ки ба назар намерасад, посухи он дар иқдомоти инфиродӣ нуҳуфта бошад. Аз ин рӯ, ин нукта зарурӣ аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ба таври хос кишварҳои ҳамарз бо Афғонистон ва кишварҳои ҳавзаи водии Фарғона дарк кунанд, ки беҳтарин посух ба ин нигарониҳо таваҷҷуҳ ба таҷрибиёти муваффақи минтақаии мубориза бо терроризм аст; таҷрибае, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тӯли солиёни тӯлонии мубориза бо терроризм дар сатҳи минтақа касб кардааст ва метавонад онро дар ихтиёри кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор диҳад, то аз ин тариқ ҳамкорӣ ва ҳамгароӣ дар канори сулҳу субот дар минтақа афзоиш ёбад.