Интихоби духтари Назарбоев ба унвони раиси сенати Қазоқистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i42585-Интихоби_духтари_Назарбоев_ба_унвони_раиси_сенати_Қазоқистон
Сенати Қазоқистон духтари Нурсултон Назарбоев раиси ҷумҳури итеъфододаи ин кишварро ба унвони раиси сенати Қазоқистон интихоб кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 20, 2019 17:06 Asia/Dushanbe
  • Интихоби духтари Назарбоев ба унвони раиси сенати Қазоқистон

Сенати Қазоқистон духтари Нурсултон Назарбоев раиси ҷумҳури итеъфододаи ин кишварро ба унвони раиси сенати Қазоқистон интихоб кард.

Ба нақл аз хабаргузории давлатии Қазоқистон (Казин форм), як рӯз пас аз онки Нурсултон Назарбоев раиси ҷумҳури ин кишвар пас аз се даҳсола ҳукумат ба Қазоқистон аз мақоми худ канорагирӣ кард, сенаторҳои ин кишвар Дариға Назарбоеваро ба унвони раиси ҷадиди сенати Қазоқистон интихоб карданд, то вай дар оянда ба унвони номзади билқувва барои раёсатҷумҳурии ин кишвар муъаррифӣ шавад.

Нурсултон Назарбоеви 79 сола раиси ҷумҳури Қазоқистон пас аз ҳудуди се даҳа қудрат дирӯз сешанбе истеъфо кард.

Қосим Ҷумарт Токаев раиси сенати Қазоқистон имрӯз чаҳоршанбе ба унвони раиси ҷумҳури нав ва мувақати  ин кишвар савганд ёд кард.

Қосим Ҷумарт Токаев то поёни давраи иҷроии Нурсултон Назарбоев яъне то апрели  соли 2020 ба унвони раиси ҷумҳури мувақат ба кораш идома хоҳад дод.

Раиси ҷумҳури нави Қазоқистон дар нахустин суханронии худ дар ин симат гуфт, сиёсатҳои Нурсултон Назарбоевро дар Қазоқистон идома медиҳад.