Апрел 01, 2019 20:36 Asia/Dushanbe
  • Таъйид нашудани ҷосуси Тоҷикистон будани муовини нахуствазири Қирғизистон

Кумитаи давлатии амнияти Қирғизистон ҷосуси Тоҷикистон будани муовини нахуствазири ин кишварро таъйид накард.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Кумитаи давлатии амнияти Қирғизистон овозаҳо дар хусуси ҳамкории Жениш Разоқов бо мақомоти амниятии Тоҷикистон ва ҷосусии ин сиёсатмадори қирғиз барои Тоҷикистонро таъйид накард.

Чанде қабл парлумони Қирғизистон аз мақомоти амниятии ин кишвар дархост кард, ки амалкарди Жениш Разоқовро ба иттиҳоми ҷосусӣ барои Тоҷикистон таҳқиқ кунад.

Таҳқиқи амалкарди Разоқов ба иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон, бар асоси як матлаби мунташиршуда дар сайти ҷунбише бо номи “Тоҷикистони воҳид” дар соли 2016 мелодӣ шуруъ шуда буд.

Нависандаи ин матлаб Шабнами Собирӣ аст, ки гуфта мешавад ин исми мустаор аст ва сайти “Тоҷикистони воҳид” низ дар чанд соли ахир фаъол нест.

Шабнами Собирӣ дар ин матлабаш иддао кардааст, ки дар солҳои 2000 то 2010 Жениш Разоқов ба ивази маблағ ба Тоҷикистон иттилооти сиррӣ медод.

Ин матлаб соли 2016 мелодӣ нашр шуда буд. Аммо дар соли 2018, замоне, ки Жениш Разоқов ба муовинати нахуствазирӣ расид, расонаҳои қирғизӣ дубора ин мавзӯро ба баррасӣ гирифтанд.

Бо ин ҳол, Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, ҳеҷ нафаре бо номи Шабнами Собирӣ ва ҳеҷ ҷунбише мавсум ба “Тоҷикистони воҳид” вуҷуд надорад.

Ҳамчунин Кумитаи амнияти Қирғизистон афзуд, ниҳодҳои ҷосусии кишварҳои хориҷӣ бо интишори иттилооти беасос, мақомоти калидии давлатиро, ки онҳо хуш надоранд, бадном мекунанд.

Жениш Разоқов, раиси ҳайати музокиракунандаи қирғиз дар низои ахири қирғизҳо дар вилояти Бодканди Қирғизистон ва тоҷикҳои шаҳри Исфараи Тоҷикистон буд ва ба унвони муовини нахуствазири Қирғизистон ҳамраиси комиссия барои ҳалли масоили марзии Қирғизистон бо Тоҷикистон аст.

 

Барчасп