Апрел 04, 2019 10:00 Asia/Dushanbe
  • Маҷлиси Қирғизистон хостори бозгардонидани заминҳои ин кишвар шуд

Намояндагони маҷлиси Қирғизистон дар нишасти пӯшида бо ҳузури нахуствазири ин кишвар, хостори бозгардонидани заминҳое шудаанд, ки иддао мешавад, мавриди истифодаи тарафи Тоҷикистон аст.

Ба гузориши сомона “Қиртог”, теъдоде аз намояндагони маҷлиси Қирғизистон дар ин нишаст мавзӯи истифодаи шаҳрвандони Тоҷикистон аз заминҳои мавриди муноқишаи ду кишварро матраҳ кардаанд.

Онон муддаиянд, ки то замони ниҳоӣ шудани созишномаи аломатгузории марзи муштараки Қирғизистон ва Тоҷикистон дар манотиқи мавриди ихтилоф, шаҳрвандони ду кишвар ҳаққи истифода аз заминҳоро надоранд. Аз ин рӯ, ин заминҳо, ки иддао мешавад таҳти моликияти Қирғизистон ҳастанд, бояд ба ин кишвар бозгардонда шаванд.

Аммо Муҳаммадқули Абулғозиев, нахуствазири Қирғизистон гуфтааст, ки мавзӯи аломатгузории марзи муштараки Қирғизистон ва Тоҷикистон ниёзманди талошҳои ҷиддии мақомоти ду кишвар мебошад.

Вай муътақид аст, ки ҳалли ин мушкил ва поён додан ба ихтилофоти марзӣ бо Тоҷикистон танҳо аз роҳи гуфтугӯҳои созанда имконпазир аст ва истифода аз зӯр дар ин қазия бидуни натиҷа хоҳад буд.

Нахуствазири Қирғизистон ба даргирии ахир миёни сокинони манотиқи марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон дар вилоятҳои Ботканд ва Суғд, дар таърихи 14 март низро, ки мӯҷиби кушта шудани се шаҳрванд Тоҷикистон шуд, ишора карда гуфтааст, ки тамосҳои телефонии раисони ҷумҳурӣ, нахуствазирон ва дидору гуфтугӯи мақомоти Бишкек ва Душанбе заминаи поён додан ба ин муноқишаро фароҳам сохт.

Дар пайи ду даҳаи музокироти мақомоти ду кишвар бар сари ҳалли ихтилофоти марзӣ танҳо 520 километр аз марзи 721 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.

Ихтилофи Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари бархе аз манотиқи марзии ду кишвар дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд, аз ҷумлаи мушкилоти тарафҳо барои дастёбӣ ба тавофуқи ҷомеъ дар ин замина аст. Бар асоси марзбандиҳои даврони Шӯравӣ бархе аз манотиқи марзии ду кишвар ба таври мушаххас аломатгузорӣ нашуда ва акнун ба маншаи ихтилофи мақомоти тоҷик ва қирқиз табдил шудааст.

 

Барчасп