Ҳазфи масунияти сиёсии раисҷумҳур дар Қирғизистон
Апрел 05, 2019 17:10 Asia/Dushanbe
Парлумони Қирғизистон Қонуни ҳазфи масунияти сиёсӣ аз раисҷумҳури ин кишварро тасвиб кард.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, 111 намоянда аз 114 намояндаи парлумони Қирғизистон рӯзи ҷумъа қонунеро тасвиб карданд, ки бар асоси он, масунияти сиёсӣ аз раисҷумҳур салб мешавад. Бар асоси ин қонун, раисҷумҳури Қирғизистон агар қавонини кишварашро нақз кунад, маҳкум мешавад. Ҳамчунин зиндагии раисҷумҳури Қирғизистон ва аъзои хонаводаи вай аз тарафи давлат бима намешаванд ва ҳаққи истифода аз васоили ҳамлу нақли давлатӣ низ аз аъзои хонаводаи раисҷумҳур гирифта мешавад.