Ҳазфи масунияти сиёсии раисҷумҳур дар Қирғизистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i42891-Ҳазфи_масунияти_сиёсии_раисҷумҳур_дар_Қирғизистон
Парлумони Қирғизистон Қонуни ҳазфи масунияти сиёсӣ аз раисҷумҳури ин кишварро тасвиб кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 05, 2019 17:10 Asia/Dushanbe
  • Ҳазфи масунияти сиёсии раисҷумҳур дар Қирғизистон

Парлумони Қирғизистон Қонуни ҳазфи масунияти сиёсӣ аз раисҷумҳури ин кишварро тасвиб кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, 111 намоянда аз 114 намояндаи парлумони Қирғизистон рӯзи ҷумъа қонунеро тасвиб карданд, ки бар асоси он, масунияти сиёсӣ аз раисҷумҳур салб мешавад. Бар асоси ин қонун, раисҷумҳури Қирғизистон агар қавонини кишварашро нақз кунад, маҳкум мешавад. Ҳамчунин зиндагии раисҷумҳури Қирғизистон ва аъзои хонаводаи вай аз тарафи давлат бима намешаванд ва ҳаққи истифода аз васоили ҳамлу нақли давлатӣ низ аз аъзои хонаводаи раисҷумҳур гирифта мешавад.