Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд ба ақиб афтод
Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки тибқи барнома қарор буд 12 апрел ба мезбонии Узбакистон дар шаҳри Тошканд баргузор шавад ба ақиб афтод.
Ба нақл аз хабаргузории Форс, расонаҳои маҳалии Узбакистон бо интишори матлабе аз таъвиқи нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканд хабар доданд.
Бино бар ин гузориш, таъвиқи ин нишаст бо ҳамоҳангии тамоми раисони ҷумҳури кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат гирифтааст.
Дар ҳоли ҳозир, замони дақиқи нишасти сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дақиқ нест ва аз тариқи каналҳои депломатик ҳамоҳанг хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки нишасти сарони кишварҳои минтақа дар чунин қолибе тавассути Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳури Узбакистон дар ҷараёни нишасти раисони ҷумҳури кишварҳои Осиёи Марказӣ дар моҳи марти соли гузашта дар пойтахти Қазоқистон пешниҳод шуд.
Он замон Мирзиёев ба ҳамтоёни худ пешниҳод кард, ки ҳар сол дар остонаи Наврӯз гирди ҳам оянд ва сипас ҳамаи ононро ба Тошканд даъват кард.
Аммо аз онҷо ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ сол то сол иди Наврӯзро бо шукуфоии бештаре таҷлил мекунанд барномаҳои раисони ҷумҳур бештар мешавад бинобарин сарони кишварҳои минтақа тасмим гирифтанд баъд аз Наврӯз гирди ҳам биёянд.
Тавсеъаи ҳамкорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷиҳатҳои мухталиф аз ҷумла тиҷорат, иқтисод, ҳамлу нақл ва иртибототу фарҳанг дар дастури кори нишасти ояндаи сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад.