Апрел 22, 2019 14:44 Asia/Dushanbe
  • Эътирози маданӣ нисбат ба истихроҷи уран дар Қирғизистон

Барномаи давлати Қирғизистон барои истихроҷи уран дар устони Исик Кул, муҷиби эътирози иҷтимоъӣ шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, вазорати кишвари Қирғизистон дар паёми расмие аз собит будани вазъият дар маъдани уран мавсум ба Кизил Импол дар устони Исик Кул хабар дод.

Ба гуфтаи вазорати кишвар ҳеҷ далиле барои нигаронӣ вуҷуд надорад ва мардум набояд иттилоъоти дуруғи фитнаангезонро бовар кунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки ширкати Ювер Осиё мутааллиқ ба Қирғизистон бо таъмини молии хориҷии истихроҷи уран ва дигар фелезотро дар устони Исик Кули Қирғизистон ҳадафгузори карда ва сокинони ин устон таҷамуъи эътирозоӣ нисбат ба чунин иқдомот баргузор карданд.

Баргузории таҷаммуъи эътирозӣ дар санаи 26 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек дар муқобили хонаи давлат барномарезӣ шуда ва дар он намояндагони тамоми устонҳои кишвар ширкат хоҳанд кард.

Ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ матолиб дар бораи зиёни истихроҷи уран барои муҳити зисти устони Исик Кул густариш меёбад.

Ба навбаи худи Кумитаи давлатии саноат, энержи ва маъдани Қирғизистон аз беасос будани ингуна нигарониҳо хабар дода, зеро дар ин маъдан техналогияҳои муносиб истифода хоҳад шуд.

Ҳомиёни ширкати Ювер Осиё ҳануз расман эълом нашуда ва бар асоси иттилоъоти аввалия ҳақи истихроҷи уран дар Қирғизистон мутааллиқ ба давлати Русия мебошад.