Сентябр 17, 2016 19:50 Asia/Dushanbe
  • Комиссияи баррасии ҷомеъи масоили марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон ташкил мешавад

Ҷаласаи баррасии масоили марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар сатҳи муовинини нахуствазирони ду кишвар дар Бишкек баргузор ва тарафайн тасмим ба ташкили комиссияи муштарак барои баррасии ҷомеъи масоили дуҷониба гирифтанд.

Ба гузориши ИРНА, Азим Иброҳимов, муовини нахуствазири Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо ҳайати эъзомии ин кишвар барои ширкат дар маҷлиси сарони кишварҳои Муштаракулманофеъ ба Қирғизистон сафар карда, дар дидор бо Жониш Разоқов ҳамтои қирғизи худ дар хусуси ташкили комиссияе барои баррасӣ ва таҷдиди ҳудуди марзи ду кишвар баҳсу табодули назар карданд.

Бар асоси ин гузориш, дар ин ҷаласа масоили марбут ба ҳамкорӣ дар заминаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва ҳамчунин таъин ва таҷдиди ҳудуди марзҳои давлатми Қирғизистон ва Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ин дар ҳоле аст, ки тарафайн дар ин дидор, бар дарки мутақобил ва тамоюл барои ҳалли масоили марбут ба таъини марзҳои давлатӣ ва ҳамчунин тақвияти равобити 2 кишвар таъкид карданд.

Ҳамчунин, Разоқов ба манзури тақвияти ҳамкориҳо байн Қирғизистон ва Тоҷикистон, пешниҳоди баргузории як комиссияи байнидавлатӣ ҷиҳати баррасии ҷомеъи масоили дуҷониба бо мушорикати Бишкек ва таъини ҳудуди марзии қирғиз-тоҷик дар Душанберо матраҳ кард.

10 километр аз марзи 2 кишвар, ки дар минтақаи Оқчичиқ дар марзи ноҳияи Лайлки устони Бодканди Қирғизистон ва ноҳияи Конибодоми вилояти Суғди Тоҷикистон воқеъ шуда, мавриди муноқишаи ин 2 кишвар мебошад.

 

 

Барчасп