Тоҷикистон мавқеияти транзитии худро аз даст медиҳад
Ширкаткунандагони ҳамоиши тиҷории "Ферастҳои транзитии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷанубу шарқи Осиё" дар Алмаатои Қазоқистон эълом карданд, Тоҷикистон ба далели монеаҳои мухталифи идории дохилӣ мавқеияти транзити худро аз даст медиҳад.
Ба гузориши сойти "Азиа плюс", дар ин ҳамоиш, ки бо мушорикати беш аз 500 соҳибкор аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Покистон баргузор гаштааст, бар монеаҳои мавҷуди идорӣ ва зиёд будани мизони андозу тарофаҳои гумрукӣ дар Тоҷикистон, ки ба ҷойгоҳи транзитии ин ҷумҳурӣ латма мезанад, таъкид шудааст.
Аксари мошинҳои борбаре, ки аз Афғонистону Покистон ба Тоҷикистон коло интиқод медиҳанд, дар бозгашт ба далели набудани маҳсулот холӣ бармегарданд, ки ин гуна ҳолат аз нигоҳи молӣ зиёновар аст. Ин дар ҳолест, ки дар кишварҳои ҷанубу шарқи Осиё меваи хушки Тоҷикистон муштарёни зиёде дорад, аммо соҳибкорони Тоҷикистон, ба гуфтаи Лутфуллоҳ Ортиқов, як содиркунандаи меваи хушки ин кишвар, ба далели кам будани ин маҳсулот ва мизони болои молиёт тавони таъмини ниёзи харидорони ин маҳсулро аз Афғонистон ва Покистон надорад. Аз ин рӯ, тайи солҳои ахир аз 50 содиркунандаи меваи хушк танҳо 5 нафар боқӣ монда ва бақия муфлис шудаанд.
Одилхон Миёхел, масъули тиҷории сафорати Покистон дар Қазоқистон низ таъкид кардааст, барои транзити колои Афғонистону Покистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ беҳтар аст, аз масири Чин - Қирғизистон – Қазоқистон истифода шавад. Зеро дар Тоҷикистон ба далели вуҷуди монеаҳои идорӣ ва тарофаҳои гумрукӣ имкони интиқоли сареи коло ва маҳсулот ё захира кардани он дар анборҳои муҷаҳҳаз вуҷуд надорад.