Май 02, 2019 12:05 Asia/Dushanbe
  • Имзои чаҳорда санади ҳамкорӣ дар нишасти байнидавлатии АвруОсиё

Нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар шаҳри Ереван-и Арманистон 14 санади ҳамкорӣ имзо карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар нишасти байнидавлатии  Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар шаҳри Ереван нахуствазирони кишварҳои узви ин иттиҳодия аз ҷумла Арманистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларус ҳузур доштанд.

Кишварҳои ҳозир дар ин нишаст 14 санади ҳамкорӣ аз ҷумла тавофуқномаи таомул дар ҳавзаи саноат ва табодули технологӣ, ҳамкорӣ дар ҳавзаи фанноварии иттилоот ва ҳазфи монеъаҳо дар ҳавзаи иқтисодиро имзо карданд.