Чаҳорумин даври машваратҳои сиёсии Эрон ва Қирғизистон
Чаҳорумин даври машваратҳои сиёсии Эрон ва Қирғизистон бо ҳузури саид Аббоси Ироқчӣ муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ва Нурон Ниёзалиев муовини вазири умури хориҷаи Қирғизистон рӯзи шанбе дар Теҳрон баргузор шуд.
Ба нақл аз ИРНО, дар ин ройзаниҳо (машваратҳо) тайфи густардае аз мавзӯъҳо ва ҳамкориҳои байни Эрон ва Қирғизистон дар сатҳҳои ду ҷониба, минтақавӣ ва байналмиллалӣ баррасӣ шуд ва ду тараф дар бораи барномаи дидорҳои мақомоти олии ду кишвар ба тавофуқ расиданд.
Дар чорчуби ин тавофуқ, бар баргузории дувоздаҳумин иҷлоси камиссиони муштараки иқтисодӣ ва низ ҳаштумин нишасти консулӣ байни Эрон ва Қирғизистон таъкид шуд.
Саид Аббоси Ироқчӣ ва Нурон Ниёзалиев ҳамчунин бар иҷрои тавофуқҳои қаблӣ ва асноди имзошуда дар дидорҳои раисони ҷумҳурӣ дар гузашта таъкид ва баҳрабардорӣ аз ҳамаи зарфиятҳои дуҷониба ва созукорҳои минтақавӣ барои афзоиши тиҷорат байни ду кишвар аз ҷумла Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё хостор шуданд.
Муовинони вазирони хориҷаи Эрон ва Қирғизистон ҳамчунин тавсеъаи ҳамкориҳои ҳамлу нақлӣ, тасҳили судури виза ва барқарории парвози мустақим байни ду кишварро аз мавзӯъоти авлавиятдор байни Эрон ва Қирзистон донистанд ва рафъи монеъаҳо ва суръат бахшидан ба ҳамкориҳо дар ин ҳавзаҳоро хостор шуданд.