Таъкиди вазири умури хориҷаи Қазоқистон бар густариши равобит бо Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i43866-Таъкиди_вазири_умури_хориҷаи_Қазоқистон_бар_густариши_равобит_бо_Тоҷикистон
Вазири умури хориҷаи Қазоқистон пас аз дидор бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон бар зарурати густариши равобити кишвараш бо Душанбе таъкид кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 19, 2019 04:35 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди вазири умури хориҷаи Қазоқистон бар густариши равобит бо Тоҷикистон

Вазири умури хориҷаи Қазоқистон пас аз дидор бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон бар зарурати густариши равобити кишвараш бо Душанбе таъкид кард.

Ба нақл аз хабаргузории давлатии Ховар, Бейбут Отамқулов пас аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе эълом кард ду кишвар барои густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ мусаммам ҳастанд.

Вай таъкид кардааст, ки дар дидор бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон равобити дуҷониба, вазъияти минтақа ва ба вижа Афғонистон ва ҳамкориҳои ду кишвар барои мубориза алайҳи терроризм дар чорчуби созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақаӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба гуфтаи Бейтут Отамқулов дар соли 2018 мизиони муомилоти тиҷории Қазоқистон бо Тоҷикистон ба 840 миллион доллар расид, ки дар соли равон ин шохис ба 1 миллиард доллар афзоиш хоҳад ёфт. Аз ин ру Қазоқистон пас аз Русия дуввумин шарики муҳими тиҷории Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.

Вазири умури хориҷаи Қазоқистон барои ширкат дар ҳафтумин нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Жопон, ки рӯзи шанбе 18 майи соли равон дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд, ба Душанбе омадааст.