Май 21, 2019 09:22 Asia/Dushanbe
  • Афғонистон маншаи таҳдиди ҷиддӣ алайҳи амнияти кишварҳои минтақа

Дабири кулли Созмони амнияти ҷамъӣ аз Афғонистон ба унвони маншаи таҳдиди ҷиддӣ алайҳи амнияти кишварҳои узви ин созмон ёд кард.

Ба нақл аз хабаргузории давлатии Қирғизистон, Валерӣ Симириков дар нишасти маҷмаи парлумонии Созмони амнияти ҷамъӣ дар кохи Аъло арча дар соҳили дарёчаи Исиқкул дар Қирғизистон гуфтааст, ки ин созмон аз ташдиди вазъият дар марзи муштараки Афғонистон ва Тоҷикистон нигарон аст.

Вай таъкид кардааст, ки барои муқобила бо таҳарукоти гуруҳҳои террористии фаол дар шимоли Афғонистон акнун барномаи тақвияти марзи муштараки Тоҷикистон бо ин кишвар дар дастури кор қарор дорад. Барои ин манзур таҷҳизи пойгоҳи низомии 201 артиши Русия дар Тоҷикистон ва тақвияти неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз шудааст, то заминаи пешгирӣ аз ҳар навъ таҳарукоти гуруҳҳои террористӣ барои вуруд ба қаламрави кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ фароҳам шавад.

Дар ин нишаст ҳайъатҳои парлумонии Русия, Беларус, Арманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ба баҳс ва табодули назар дар бораи барномаҳои ин созмон ва густариши ҳамкориҳои амниятӣ ва дифоӣ дар соли равон пардохтанд.

Дар ин нишасти эълом шуд, ки иҷлоси ояндаи Шурои байнипарлумонии кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар Ереван пойтахти Арманистон дар тирамоҳи соли равон баргузор хоҳад шуд.

Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар соли 1992 ташкил шуд ва дар ҳоли ҳозир кишварҳои Русия, Беларус, Арманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон  узви он ҳастанд.