Май 28, 2019 09:07 Asia/Dushanbe
  • Ишқобод 31 май мизбони нишасти кишварҳои мустақили Муштаракулманофеъ

Нахуствазирони кишварҳои мустақили Ҳамсуд ( C.I.S ) барои баррасии роҳҳои густариши ҳамкории чандҷониба дар шаҳри Ишқободи Туркманистон гирди ҳам меоянд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, нишасти нахуствазирони кишварҳои мустақили Ҷомеъаи Ҳамсуд ҷумъаи ин ҳафта 31 май дар шаҳри Ишқобод ба раёсати Туркманистон баргузор мешавад.

Қарор аст дар ин нишаст нахусвазирони кишварҳои мустақили Ҷомеъаи Ҳамсуд ҳамкориҳои иқтисодӣ мобайни якдигарро мавриди баррасӣ қарор дода ва таърихи нишасти баъдиро таъин кунанд.

Дар нишасти рӯзи ҷумъаи Ҷомеъаи Ҳамсуд ҳамчунин мақомоти нави маркази зиддитеррористии ин созмон интихоб мешаванд.

Кишварҳои мустақили Ҷомеъаи Ҳамсуд муташаккил аз ҷумҳуриҳои таъсисшуда пас аз фурупошии Шуравӣ ҳастанд.