Парвози Тошканд-Шармилшайх роҳандозӣ мешавад
(last modified Tue, 28 May 2019 04:38:32 GMT )
Май 28, 2019 09:38 Asia/Dushanbe
  • Парвози Тошканд-Шармилшайх роҳандозӣ мешавад

Ширкати AlMasriya Universal Airlines-и Миср парвозҳои Тошканд-Шармилшайх-ро роҳандозӣ мекунад.

Ба нақл аз Форс, намояндагони Кумитаи тавсеаи гардишгарии Узбакистон эълом карданд нахустин парвоз дар масири нав дар таърихи 12 июн анҷом хоҳад шуд. Парвозҳо ҳафтае як бор рӯзҳои чаҳоршанбе аз тариқи ҳавопаймоҳои Эйрбос-320 анҷом хоҳад шуд.

Роҳандозии ин парвоз ба тавсеаи беш аз пеши заминаи гардишгарӣ кумак хоҳад кард.

Ширкати AlMasriya Universal Airlines   як ширкати хусусӣ буда ва дар соли 2008 эҷод шудааст. Ин шаркат аз Миср ба Аврупо, Русия, кишварҳои Ховари Миёна парвоз анҷом медиҳад.

Дар моҳи сентябри соли гузашта дар чорчуби сафари расмии Абдулфаттоҳ Ассиси раиси ҷумҳури Миср ба Узбакистон фурсатҳои роҳандозии чанд парвози мустақим байни Тошканд, Қоҳира баррасӣ шуд.

Равобити депломатик байни Узбакистон ва Миср дар таърихи 23 январи соли 1992 барқарор шудааст.