Июн 03, 2019 20:31 Asia/Dushanbe
  •  Занони Қазоқистон хостори имтиёзоти бештари иҷтимоӣ шуданд

Садҳо нафар аз занони Қазоқистон як ҳафта монда ба баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар бо таҷаммуъ муқобили кохи раёсати ҷумҳурӣ дар шаҳри Нурсултон баҳрамандии бештар аз имтиёзоти иҷтимоиро хостор шуданд.

Ба гузориши ИРНА, тазоҳуркунандагон аз мақомот хостанд, ба ваъдаҳояшон дар хусуси кумаки молӣ ва таъмини маскани хонаворҳои пурҷамъият ва занони сарпарасти хонавода амал кунанд.

Бердибек Сафарбоев, вазири кор ва ҳифзи иҷтимоӣ ва теъдоде аз мақомоти расмӣ бо ҳузур дар ҷамъи тазоҳуркунандагон, аз онон хостанд ба таҷаммӯи худ поён диҳанд.

Эътирозҳо дар Қазоқистон пас аз ҷон бохтани панҷ кӯдак дар хонае вайрона дар моҳи феврал афзоиш ёфтааст.

Нахустин интихоботи раёсати ҷумҳурии Қазоқистон бидуни ҳузури Нурсултон Назарбоев, фазои сиёсии мунҳасир ба фардеро рақам хоҳад зад.

Ин интихобот нуҳуми июн (19 хурдод) бо ҳафт номзад баргузор хоҳад шуд.

Канорагирии довталабонаи Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон аз раёсати ҷумҳурӣ ва муборизаи интихоботии июни соли 2019, фазои сиёсии ин ҷумҳурии сарватманди Осиёи Марказиро мутаҳаввил кардааст.

 

Барчасп