Июн 06, 2019 18:41 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Бишкек барои мизбонии нишасти сарони Созмони Шанхай

Раиси дафтари раёсатҷумҳурии Қирғизистон аз омодагии Бишкек барои мизбонии нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Донёр Сиддиқов рӯзи панҷшанбе дар нишасти хабарӣ ибрози умедворӣ кард, 20 санади ҳамкорӣ, ки дар нишасти ояндаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Бишкек ба имзо хоҳад расид, ба тавсеаи кишварҳои минтақа кӯмак кунад.

Раиси дафтари раёсатҷумҳурии Қирғизистон, ки кишвараш раёсати давраии Созмони ҳамкории Шанхайро бар ӯҳда дорад, тасреҳ кард, дар нишасти ояндаи Шанхай раисони ҷумҳури Русия, Қазоқистон, Чин, Тоҷикистон, Узбакистон, Ҳинд, Покистон, раиси сохтори зиддитеррористии Шанхай ва мақомоти аршади кишварҳои нозир аз ҷумла Эрон, Афғонистон, Беларус ва Муғулистон ширкат мекунанд.

Вай афзуд, афзоиши нақши Созмони ҳамкории Шанхай дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир ва ҳамчунин густариши таомулот дар ҳавзаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ- иқтисодӣ ва фарҳангӣ аз авлавиятҳои ин нишаст аст.

Созмони ҳамкории Шанхай, як созмони байналмилалии байнидавлатӣ аст, ки дар таърихи 15 июни соли 2001 дар Шанхайи Чин аз сӯи Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон таъсис шуд ва дар июни соли 2017 Ҳиндустон ва Покистон низ ба ин созмон пайвастанд.

Эрон, Афғонистон, Муғулистон ва Беларус аъзои нозири Созмони ҳамкории Шанхай ҳастанд.