Сентябр 19, 2016 14:25 Asia/Dushanbe
  • Муаррифӣ шудани рақибони раисҷумҳури муваққатии Узбакистон дар интихобот оянда

Ду рақиби Ислом Каримов, раисҷумҳури фақиди Узбакистон дар интихоботи гузаштаи раёсатҷумҳурии ин кишвар барои соҳиб шудан ба курсии раёсатҷумҳурӣ дар интихоботи моҳи декабр ба саҳнаи интихоботӣ хоҳанд омад. Ин хабар аз сӯйи торнамои Ситоди марказии интихоботи Узбакистон эълом шуд.

Гуфта мешавад, аҳзоби сотсиал-демократ, халқӣ-демократӣ ва эҳёи миллии Узбакистон Наримон Умаров, Ҳотамҷон Китмонов ва Сарвар Отамуродов, раҳбарони худро ба унвони номзадҳои интихоботи пешорӯи раёсатҷумҳури Узбакистон муаррифӣ кардаанд. Аз ин миён Наримон Умаров ва Ҳотамҷон Китмонов, рақибони раисҷумҳури фақиди Узбакистон дар интихоботи қаблӣ буданд ва акнун дар зумраи рақибони ҷиддии Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури муваққатии ин кишвар ба шумор мераванд. Пештар аз эҳтимоли рақобати Шавкат Мирзиёев, Рустам Азимов ва Рустам Иноятов дар интихоботи раёсатҷумҳурии пешорӯи Узбакистон сухан ба миён омада буд. Шавкат Мирзиёев низ, ки аз вай ба унвони матраҳтарин ҷонишини Ислом Каримов барои расидан ба маснади риёсатҷумҳурии Узбакистон ном бурда мешавад, рӯзи 8 сентябр, панҷ рӯз пас аз марги Ислом Каримов ба унвони раисҷумҳури муваққатии ин кишвар интихоб шуд. Ӯ акнун аз Ҳизби либерал-демократ, бузургтарин ҳизби Узбакистон барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ номзад шудааст.

Ҷомеаи байналамилалӣ ва низ созмонҳои мудофеи озодии баёни Узбакистон борҳо аз замони Каримов барои набудани шаффофият, тамаркузи қудрат, нақзи муқаррароти демократия интиқод карда буданд ва то кунун ҳеҷ як аз интихоботҳои Узбакистон аз ҷониби нозирони байналамилалӣ озоду одилона арзёбӣ нашудааст. Акнун ин фарзия қувват гирифтааст, ки нигариши ҳокимияти гузашта дар Узбакистон вуҷуд надорад ва аз ин рӯ, ин савол матраҳ мешавад, ки оё шумора ва афроди дигар будани номзадҳои риёсатҷумҳурӣ метавонад ҳокӣ аз тағйир ёфтани сиёсату ҳукумат дар Узбакистон бошад?

Воқеият он аст, ки дар даврони ҳукумати Ислом Каримов дар Узбакистон сармоя ва қудрат ду аҳроми таъйинкунанда дар низоми Ҳукумати Узбакистон буд ва ҳамчунон ҳамин рӯйкард ҳоким аст. Бархе маҳофили сиёсӣ бар ин боваранд, ки низоми раёсатҷумҳурӣ дар канори бархе аркони мудириятии Узбакистон бар ҳамон мадор ва меҳвари худкомагӣ боқӣ хоҳад монд, бо ин тафовут, ки акнун заминаи рақобат ва ҷанги қудрат назди нухбагони сиёсии узбак беш аз гузашта фароҳам шудааст. Аз ин рӯ, муддаиёни аслӣ Шавкат Мирзоиёев, нахуствазири собиқ, Рустам Азимов, муовини аввали нахуствазир ва Рустам Иноятов, раиси Хадамоти амнияти миллии Узбакистон ҳастанд.

Ба ҳар ҳол, муаррифии ҷонишини Каримов аз тариқи интихобот метавонад нуқтаи атфе дар таърихи таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоии Узбакистон бошад; вазъияте, ки сарфи назар аз риояти усули демократӣ ва анҷоми интихоботи озод метавонад ҳамкории гурӯҳҳо ва шахсиятҳову нухбагони сиёсии узбакро ба вуҷуд биёрад. Бавижа аз назари ин идда, ҳифзи амнияти кишвар «хати қирмиз»-и нухбагони узбак гуфта мешавад. Ин вазъият шояд нигарониҳо аз бесуботии сиёсиро дар Узбакистон коҳиш диҳад, аммо ин ба маънии набудани рақобати ҷиддӣ миёни номзадҳои интихоботӣ ва низ истифода накардан аз аҳроми суннатии қудрату сарват дар таъйини раҳбари ояндаи ҷомеаи Узбакистон нахоҳад буд. Чунин шароит, албатта, метавонад Шавкат Мирзиёвро дар интихоботи пешорӯи раёсатҷумҳурии Узбакистон номзади аз пеш барандаи интихобот дар даврони пас аз Ислом Каримов муаррифӣ кунад.