Баргузории намоишгоҳи байналмиллалии коло дар Узбакистон бо ҳузури ширкатҳои эронӣ
Намоишгоҳи колоҳои милии тавлидкунандагони "Намангон-2019" бо ҳузури намояндагони Эрон дар Узбакистон баргузор шуд.
Ба нақл аз Форс, намоишгоҳи колоҳои милии тавлидкунандагони Намангон дар чорчуби нишасти байналмиллалии сармоягузорӣ таҳти унвони "Тиҷорати Намангон-2019" баргузор шуд.
Дар ин намоишгоҳ колоҳои мухталифи тавлиди вилояти Намангон ва маҳсулоти кишварҳои хориҷӣ дар маърази диди боздидкунандагон қарор гирифт.
Аз ҷумла дар ин намоишгоҳ фаровардаҳои кишоварзӣ, фанновариҳои маишатӣ монанди яхчолҳо, мошинҳои либосшуӣ, саноати нассоҷӣ, қитъаҳои худрав, хушкбор, дучархаҳо, маторсиклетҳо, кафшҳо ва дигар ба намоиш гузошта шуд.
Хайруллоҳ Бозоров раиси вилояти Намангон дар чорчуби нишасти байналмиллалии сармоягузорӣ гуфт, имрӯз дар вилояти Намангон барои тиҷорати сармоягузорони хориҷӣ ҷиҳати эҷоди боғҳои мева 24 ҳазор гегтар ва барои тавлиди ангур 9 ҳазор гегтар мавҷуд аст. Ин вилоят дар соли гузашта 750 ҳазор тон сабзавот, 250 ҳазор тон меваҷот, 107 ҳазор тон ангур тавлид кардааст.
Раиси вилояти Намангон идома дод, ҳамакнун дар вилояти Намангон корхонаҳои бузурги нассоҷӣ фаолият мекунанд, ки 15 дарсади порчаҳои тавлидии Узбакистон муталлиқ ба ин вилоят аст.
Намояндагони ширкатҳои хориҷӣ аз ҷумла намояндагони Ҷумҳурии исломии Эрон низ дар ин намоишгоҳ ҳузур пайдо карданд ва дар заминаи густариши ҳамкориҳои мутақобил бо тавлидкунандагони вилояти Самангон музокирот анҷом доданд.
Дар ин намоишгоҳ беш аз 300 намояндаи ширкатҳои хориҷӣ аз 40 кишвари ҷаҳон аз ҷумла Эрон, Ҳинд, Чин, Туркия, Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Фаронса ва дигар кишварҳо ва ҳамчунин намояндагони расонаҳои хориҷӣ ва дохилӣ ҳузур доштанд.