Июн 12, 2019 09:19 Asia/Dushanbe
  • 5 ҳазор полиси ҳофизи амнияти нишасти Шанхай дар Бишкек

Муовини вазири кишвари Қирғизистон аз ҳузури 5 ҳазор полис ва 250 мошини вижа дар хиёбонҳои Бишкек барои таъмини амнияти нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Алмос Ораз Олиев гуфт, рӯзҳои 12-15 июн (чаҳоршанбе то шанбе) дар шаҳри Бишкек тадобири амниятӣ ташдид хоҳад шуд.

Ораз Олиев таъкид кард, ин иқдомот барои таъмини амният ва пешгирӣ аз вуқуи шароити изтирорӣ дар замони баргузории нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай анҷом мешавад.

Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай рӯзҳои 13-14 июн дар пойтахти Қирғизистон баргузор мешавад.

Созмони ҳамкории Шанхай як созмони байналмиллалии байни давлатӣ аст, ки дар таърихи 15 июни соли 2001 дар Шанхаи Чин аз сӯи Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон таъсис шуд.  Аз 10 июли соли 2015 низ Ҳинд ва Покистон узви Созмони ҳамкории Шанхай  шуданд.

Акнун Ҷумҳурии исломии Эрон, Афғонистон, Муғулистон ва Беларус аъзои нозири ин созмон ҳастанд.

Бино бар эъломи бархе коршиносони ҳавзаи кишвари Осиёи Марказӣ ва Русия тасмим дар мавриди узвияти доими Эрон дар ин созмон яке аз муҳимтарин барномаҳои иҷлоси ояндаи Тошканд хоҳад буд.