Июн 19, 2019 11:01 Asia/Dushanbe
  • Адами интиқоли пул аз Русия ба Туркманистон дар соли 2019

Бонки марказии Русия аз адами интиқоли пул аз Русия ба Туркманистон дар 3 моҳи нахусти соли равон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, бар асоси ин гузориш аз моҳи январ то моҳи март мубодилоти байни бонкҳои Русия ва Туркманистон дар сатҳи сифр будааст.

Бархе амалиёти бонкӣ ба маблағи 120 доллар анҷом шуда, аммо теъдоди онҳо бисёр кам аст ва метавонанд дар чорчуби хатои оморӣ қарор гиранд.

Дар соли 2018 аз Русия ба Туркманистон 500 ҳазор доллар (125 ҳазор доллар барои ҳар 3 моҳ) мунтақил шуд ва дар соли 2017 дар сатҳи 1.6 миллион доллар буд.

Бисёре аз муҳоҷирони кории Туркманистон аз хадамоти бонкӣ истифода намекунанд, зеро дар сурати истифода аз хадамоти бонкӣ, бонк бо муштарӣ долларро тибқи нархи расмӣ ҳисоб мекунад, ки 5 баробар камтар аз нархи доллар дар бозор мебошад.