Июн 25, 2019 10:41 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши мубодилоти Тоҷикистон бо бархе кишварҳои узви Шанахай

Муомилоти иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон бо баъзе кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай коҳиш ёфтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, вазорати иқтисод ва рушди тиҷорати Тоҷикистон бо интишори гузорише аз муомилоти иқтисодии ин кишвар бо кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар 5 моҳи нахустин имсол арзиши кулли ин мубодилотро беш аз як миллиарду 203 миллион доллар эълом кардааст.

Бар асоси ин гузориш дар ин давраи замонӣ, доду ситади Тоҷикистон бо кишварҳои Қирғизистон, Чин ва Покистон коҳиш ёфтааст.

Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин муддат мубодилоти тиҷории Душанбе бо Қазоқистон, Русия ва Узбакистон ва Ҳинд афзоиш нишон медиҳад.

Русия, Чин ва Қазоқистон шарикони аслии тиҷории Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.

 

Барчасп